Ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Март 6, 2015 16:25

 
Душанбе, 6.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба муайян намудани гузариши хатти сарҳад  ва  аломатгузории марзи давлатӣ корашро идома дод.
Дар  кори  ҷаласа   ҳайати  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  муовини  Сарвазири  мамлакат  Муродалӣ  Алимардон  ва  ҳайати Қирғизистонро ноиби нахуствазири ин кишвар Абдураҳмон Маматалиев роҳбарӣ менамоянд.
Давоми  ду  рўз  ҳайатҳои  ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон  аз  фаъолияти  гурўҳои кории муштарак дар соли 2014  натиҷагирӣ  намуда,  лоиҳаи аҳдномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба сарҳади давлатӣ ва лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи истифодаи роҳҳои автомобилгарди наздисарҳадиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ҷамъбасти кори имрўзаи ҷаласа  нақшаи вохўриҳо ва дигар чорабиниҳои муштарак барои соли 2015 тасдиқ  карда  шуд. Баррасии мавзўъҳои  рўзномаи  ҷаласаи  навабатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Душанбе то 8-уми марти соли равон идома меёбад.

 
 

Март 6, 2015 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш