Ҷамъомади омӯзишию машқӣ дар Туркия
Душанбе, 10.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон барои гузаронидани ҷамъомади омӯзишӣ-машқии дуҳафтаина ба Анталияи Туркия сафар кард.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин ҷамъомади омӯзишию машқӣ, ки то 20-уми марти соли равон идома меёбад, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров 21 бозингар — 3 дарвозабон, 9 муҳофизатгар, 6 ниммуҳофизатгар ва 3 ҳамлагарро даъват намудаст.
Гуфта мешавад, ки дар ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ шогирдони Салоҳиддин Ғафуров рӯзҳои 9, 13, 16 ва 19 март чор бозии дӯстона мегузаронанд. Ҳарифи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии дӯстонаи 16-уми март тими мунтахаби ҷавонони Русия мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






