Ҷавононро мебояд дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ тарбия кард

Март 5, 2015 11:13

Душанбе, 05.03.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Чанде пеш дар Литсей-интернати Президентӣ байни хонандагони ин муассисаи миёнаи таълимӣ чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ баргузор гардиданд.
Дар Литсейи президентӣ аз ҳисоби хонандагони синфҳои панҷум Созмони талабагии ба номи ворисони Исмоили Сомонӣ ташкил гардид, ки ба он танҳо толибилмони фаъол шомил гардида, ҳайати он минбаъд ба корҳои бисёр муҳим, аз ҷумла чорабиниҳои дохили мактабӣ, сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ба дигар маъракаҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷалб  мешаванд. Дар доираи тарбияи ҳарбӣ-Ватандустӣ ва бо мақсади аз наздик шинос намудани толибилмони синфҳои болоӣ бо сохтори таркибии Қувваҳои Мусаллаҳ, навъи қӯшунҳо, донистани рутбаҳои ҳарбӣ ва дигар тартибу низоми хизмати ҳарбӣ таҳти унвони «Таҳамтан» озмуни фарҳангӣ доир  шуд. Барои баргузории озмуни мазкур аз ҳисоби хонадагони синфҳои болоӣ ду гурӯҳ бо номҳои «Матонат» ва «Ҷасорат» ташкил гардида, аз рӯи шартҳои ба он пешбинишуда байни ҳам рақобат намуданд.
Тибқи иттилои мудири кафедраи забонҳои хориҷии Литсей-интернати мазкур Гулнисо Раҷабова барои иштирок дар чунин озмунҳои фарҳангӣ, хонандагон асосан як ҳафта омодагӣ мегиранд ва баъди ширкати фаъолона ғолибон аз ҷониби ҳайати ҳакамон муайян шуда, барои ҳавасмандӣ ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мегарданд. Чунин озмунҳои фарҳангӣ асосан дар сатҳу зинаҳои гуногуни ин муассисаи миёнаи таълимӣ ва дар вақтҳои фориғ аз барномаҳои таълимӣ гузаронида мешаванд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа иттилоъ доданд. 
 

Март 5, 2015 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд