Ҷонибдории қонунҳои нав аз сӯи ММ МО ҶТ
Душанбе, 5.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар ҷараёни иҷлосияи бистуякум, ки 5 марти соли равон дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид, панҷ қонуни наву мукаммал- қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ», «Дар бораи нафт ва газ», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.
Зикр шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвакатура ва фаъолияти адвокатӣ», ки аз 7 боб ва 52 модда иборат аст, дар самти татбиқи ислоҳоти низоми судии кишвар нақши муассир хоҳад гузошт. Қонуни мазкур асосҳои фаъолияти адвокатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои адвокатҳо, таъсиси созмонҳои адвокатӣ ва принсипҳои онҳоро дар ҷумҳурӣ ба танзим дароварда, тибқи ин қонун дар Вазорати адлияи кишвар комиссияи тахассусӣ ташкил мешавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» асосҳои ҳуқуқиро дар самти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши истихроҷи нафт ва газ, инчунин салоҳияти Ҳукумати ҷумҳуриро дар бахши тартиби истифодаи шоҳқубурҳои интиқоли нафт ва газ ба танзим медарорад.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






