14 шаҳрванди Тоҷикистон аз марзи Абхазия баргардонида шуд
Душанбе, 05.03.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Ҷануби Федеролии Русия дар ҳамкорӣ бо кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, 14 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз Абхазия ба таври муташаккилона ба Ватан баргардонида шуд. Ин шаҳрвандон бо мақсади қонунигардонии будубоши минбаъдаи худ дар Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Абхазия сафар намуданд. Ҳангоми воридшавӣ маълум гардид, ки бо сабабҳои вайрон намудани қонунҳои муҳоҷирати Русия воридшавии дубораи онҳо ба ин кишвар манъ шудааст. Баъд аз муроҷиат намудани шаҳрвандон ба намояндагӣ ба онҳо кумакҳои лозимӣ расонида шуданд.
1 марти соли 2015 фиристодани шаҳрвандон аз Абхазия тавассути фурудгоҳи ш.Сочи ба ш.Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо филиали Ташкилоти ҷамъиятии кишвари Краснодар «Содействие»-и Сочи ташкил шуд.
Ин воқеаи аввалин нест, ки шаҳрвандони мо ба чунин ҳолат гирифтор мешаванд. Қаблан низ ба гурӯҳе аз шаҳрвандони мо барои убури транзит аз Абхазия тавассути Русия мусоидат карда шуда буд. Мушкилӣ дар он аст, ки байни Абхазияву Тоҷикистон хатсайри мустақими транзитӣ вуҷуд надорад. Сарфи назар аз огоҳ намудани шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳол баъзе ҳамватанони мо аз Федератсияи Русия ба ҷониби Абхазия марзро убур намуда, ба мушкилиҳо дучор мешаванд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бори дигар ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки пеш аз убури сарҳади ФР ба Абхазия ҳолати манъи вуруди худро ба ФР тавассути сомонаи расмии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бисанҷед ва ё ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоед.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






