Афзоиши пасандозҳои аҳолӣ идома дорад
Душанбе, 05.03.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ баъди ҷамъбасти маълумотҳои моҳи январи соли равон маблағи 6 млрд 639,7 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,7 фоиз зиёд мебошад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, аз ҷумла 2 млрд 187,1 млн. сомонӣ амонатҳо бо пули миллӣ ва 4’452,6 млн. сомонӣ бо асъори хориҷӣ ҷалб шудаанд. Агар ба таркиби бақияи пасандозҳо назар андозем, маълум мегардад, ки 36,1 фоиз (маблағи 2 400,2 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 63,8 фоиз (4 239,4 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
Дар моҳи январ фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,24 фоиз ва пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 11,81 фоизи солонаро ташкил намуданд.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






