Аъзои ММ пешниҳодоти Президентро ҷонибдорӣ менамоянд
Душанбе, 05. 03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё худ охирин иҷлосияи палатаи болоии Парлумони кишвар дар даъвати чорум баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ва «Дар бораи нафт ва газ»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Инчунин баррасии дигар масоили марбут ба рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ва ҷонибдории як силсила пешниҳодҳои Президенти кишвар дар назар аст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






