Бақияи қарзҳо 29,1 фоиз зиёд шуд
Душанбе, 05.03.2015. АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тибқи маълумоти омор бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар нахустин моҳи соли ҷорӣ 9 млрд 903,8 млн. сомониро ташкил намуда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 29,1 фоиз афзуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, аз ин маблағ 3 млрд 961,5 млн. сомонӣ қарзҳо ба пули миллӣ ва 5 млрд 942,3 млн. сомонӣ ба асъори хориҷӣ рост меоянд. Дар моҳи январ низ раванди афзоиши қарзҳои дарозмуҳлат идома ёфта, он ба 4 млрд 766,5 млн. сомонӣ баробар шуд.
Фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар дар моҳи январ бо пули миллӣ 26,52 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,67 фоизи солонаро ташкил намуд.
Ҳамчунин дар аввалин моҳи соли равон ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда низ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 6,7 фоиз зиёд шуд. Аз ҷумла 88,5 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 фоиз зиёд мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






