Барқияи табрикии И. Каримов ба Э. Раҳмон
Душанбе, 04.03.2015 (АМИТ «Ховар»). Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Ба муносибати дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғалаба ба даст овардани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки роҳбариашро Шумо ба уҳда доред, табрикоти самимии маро бипазиред.
Бо истифода аз ин имконият, ба Шумо, Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии бардавом, дар фаъолияти Шумо комёбиҳо ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳу осоишро таманно дорам».








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






