Баррасии маълумоти кушода дар заминаи ҳукумати электронӣ
Душанбе, 6.03.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- 5 марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Маълумоти кушода дар заминаи ҳукумати электронӣ: равишхои байналмилалӣ ва таҷрибаи Молдова дар заминаи Тоҷикистон» дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари дурӯза баргузор гардид. Семинар дар доираи лоиҳаи «Инкишофи маълумотҳои кушода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Бунёди ҷамъиятии «Интернет» бо дастгирии молии Шуъбаи байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон сурат гирифт.
Ҳадафи семинар муаррифии мафҳумҳое, чун «маълумоти кушода» ва «ҳукумати кушода» барои хидматчиёни давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути омӯзиши таҷрибаҳои байналмилалӣ аст. Ба хотири баррасии модулҳои идораи имконпазири маълумотхои кушода ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии зарурӣ дар Точикистон дар ин семинар намояндагони хизматчиёни давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат намуданд.
Мутахассисони Институти ҳукумати кушодаи Ҷумҳурии Молдова — Константин Русу ва Николае Кретсу бо иштирокчиёни семинар масъалаҳоеро, аз қабили ташаббусҳои ҷахонӣ оид ба маълумоти кушода ва донишҳои кушода, омилхои маълумоти кушода, аз дастрасӣ ба иттилоот то коркарди дубораи иттилооти оммавӣ баррасӣ намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






