Бозиҳои дӯстонаи тими футболи Тоҷикистон бо дастаҳои Молдив ва Сурия

Март 3, 2015 11:44

Душанбе, 3.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии кишвар тими  мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки моҳи июни соли равон шурӯъ мешаванд, моҳи март бо дастаҳои миллии Молдив ва Сурия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад. 
Гуфта мешавад, ки бозии дӯстона бо мунтахаби Молдив 26-уми марти соли равон дар меҳмонӣ ва бозии дӯстона бо Сурия 31-уми март дар Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегарданд.
Бояд гуфт, ки дар айни ҳол дар раддабандии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Молдив дар ҷойи 135-ум, Тоҷикистон дар ҷойи 137-ум ва Сурия дар ҷойи 150-ум қарор доранд.
Маврид ба ёдоварист, ки қаблан дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Молдив дар бозиҳои расмӣ бо ҳам ду бор рӯ ба рӯ шудаанд. Бори аввал ҳарду дар Бозиҳои осиёии соли 1998 дар Тайланд рақобат кардаанд. Дар ин бозӣ, ки 1-уми декабри соли 1998 дар шаҳри Супхамбурии Тайиланд доир шуд, футболбозони тоҷик пирӯз гардиданд. 
Бозии дувуми дастаҳои миллии Тоҷикистону Молдив дар сабқати интихобии Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё — 2012, ки 25-уми марти соли 2011 дар Малӣ баргузор шуд, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.
 
 

Март 3, 2015 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад