Бозии «Аҳал» бо «Истиқлол» дар Ашқобод
Душанбе, 3.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳайати доварони хизматрасони бозиҳои навбатии чемпиони секаратаи Тоҷикистон «Истиқол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 бо «Аҳал»-и Туркманистон 11-уми март ва бо «Ал-Қадсия»-и Кувайт -уми 18 март маълум шуданд.
Гуфта мешавад, ки вохӯрии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаро байни «Аҳал»-и Туркманистон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон, ки рӯзи 11-уми март дар Ашқобод доир мешавад, рефери ФИФА Хамис Муҳаммад Ал-Кувайрии 32- сола аз Қатар ҳакамӣ мекунад. Хамис Муҳаммад Ал-Кувайри бозии марҳилаи дуюми ихтисосии Ҷоми КФО — 2015 байни «Хайр» ва «Шайх Рассел»-ро ба ҳайси довари эҳтиётӣ хизматрасонӣ намуда буд. Ӯро дар канори майдон ёвари рефери ФИФА Юсуф Ареф Ал-Шамарии 24 сола аз Қатар ва Алӣ Муҳаммад Аҳмад Ал-Ҳасании 35- сола аз Яман кумак мекунанд. Довари эҳтиётии ин бозӣ рефери 35- солаи ФИФА аз давлати Лубнон Алӣ Реда мебошад. Нозири доварон Исмоил Аднан Исмоил Ал-Хафӣ аз Урдун ва комиссари бозӣ — Қамаруддин Бин Саҳарӣ аз Малайзия ҳастанд.
Бозии даври сеюми мусобиқаро байни «Ал-Қадсия» ва «Истиқлол», ки рӯзи 18-уми март дар Эл-Кувайт доир мешавад, рефери ФИФА аз Урдун Муҳаммад Мусо Халаф Абу Лумуи 41- сола хизматрасонӣ мекунад. Ба сифати доварони канорӣ Лумуро ҳамватанонаш — Файзал Муҳаммад Аввад Шваир ва Юсеф Идрис Ҳасан Ал-Ҷарарвах, ки ҳар ду 41- сола ҳастанд, кумак мекунанд. Довари эҳтиётии ин бозӣ рефери ФИФА Масуд Туфайлихи 37- сола аз Сурия мебошад. Нозири доварон Виктор Калпаков аз Қирғизистон ва комиссари вохӯрӣ Мазен Рамадан аз Лубнон таъйин шудаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






