Эътироз ба раъйи мардум хатост!

Март 5, 2015 11:11

  Душанбе, 5.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Албатта, дар давраи истиқлолият калимаи интихобот хеле шинохта шуда, мардум аз моҳияту мазмун ва ҳадафи ин маъракаи сиёсӣ огоҳӣ пайдо карданд. Вале барои пурра дарк кардани нақши интихобот ҳамчун як унсури мардумсолорӣ дар пешбурди сиёсати давлат ҳанўз вақти зиёд даркор аст. 
Аммо маъракаи навбатии сиёсӣ нишон дод, ки мардум аллакай дониши кофии сиёсӣ доранд ва ба ваъдаи пучу холӣ ба  тарафдории ин ё он ҳизб овоз намедиҳанд. Аз рақамҳои овардаи Маркази интихобот ва раъйпурсӣ ин ҳолат пурра маълум гардид, ки тибқи он дар Парлумони кишвар намояндагони 4 ҳизби сиёсӣ-Ҳизби Аграрии Тоҷикистон бо 3 номзад, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон бо 2 номзад, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон бо 1 номзад ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо 16 номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ соҳиби курсӣ гаштанд. 
Маҳз рушди  демократия буд, ки ба аҳзоби сиёсӣ имконият дода шуд, то андешаҳои сиёсӣ- ҳизбии худро тарғиб кунанд ва дар интихобот озодона ширкат варзанд.
Дар кишвари мо фаъолият доштани ҳизбҳои сиёсӣ як аломати ҷомеаи демократӣ мебошад. Вале  мақом ва нақш касб кардани ҳизбҳо  дар миёни мардум пеш аз ҳама аз фаъолияти сиёсӣ ва барномаҳои  худи онҳо вобаста мебошад. Дар натиҷаи ҷамъбасти интихобот муайян гардид, ки ҳизбҳои сиёсӣ то кадом андоза боварии мардумро ба даст овардаанд. Ин натиҷа барои ҳама писанд намеояд ва эҳтимол ҳизбҳои ноком даст ба танқиду иғво мезананд. 
Маълум аст, ки агар ҳизб динӣ бошад, дар ин сурат мушкилот пайдо мешавад. Бояд дар назар дошт, ки мусулмон будани аксари мардум ин маънои пайрави ҳизби динӣ будани онҳоро надорад. 
Имрўзҳо коршиносон дар масъалаи зерин назарҳои мухталиф доранд ва аксрият хилофи ҳизб дар ислом ҳастанд. 
Фаъолияти ҳизбҳои динӣ дар тамоми кишварҳои минтақа як мушкилии  калон шудааст, ки баъзан на танҳо вазъи сиёсиро ноором месозад, балки бақои давлатдориро низ зери суол мемонад, зеро дар ниҳоят ҳамаи ин ҳаракатҳо ба бунёди давлати исломӣ кўшиш доранд, ки дар ин низом арзишҳои фарҳангӣ, миллию умумибашарӣ ба инобат гирифта намешаванд. Бинобар ин ифротикунонии андешаи динӣ бо сиёсикунонии андешаҳо пайванд мешавад, то ки низоми сиёсӣ ташкил шавад.  
Намунаи андешамандони низоми сиёсиро метавон Ҳасани Бано, Саид Қутб, Афғонӣ маҳсуб донист, ки тамоюли «эҳёи ислом»-ро бо андешаҳои сиёсӣ пайваст кардаанд.
       Дар раванди маъракаи интихобот маълум гардид, ки фаъолияти ҳизби аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ дар ин давра назаррас буд. Муваффақияти ҳизби агарариро метавон дар кишвари аграрӣ будани Тоҷикистон донист. Яъне, барномаи пеш аз интихоботии ин ҳизб ба дарди мардум хўрдааст ва интихоби мардумро интиқод гирифтан хатост. 
Бинобар ин бартарияти барномаи иқтисодӣ нисбат ба андешаҳои динии сиёсишуда амри муқаррарӣ аст ва инро ҳеҷ кас инкор карда наметавонад.  Ин бори дигар собит намуд, ки мардум ба интихоби ояндаи худ диққати ҷиддӣ дода, барои рушду ободӣ ва озодию тараққиёт овоз додаанд.
 
Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораҳои 
тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург 
Бердов Бахтибек Худойбердиевич

Март 5, 2015 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад