Фирдавс бо «Як бағал ғазал» омад
Душанбе, 03.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интишороти «Пӯён»-и Теҳрон маҷмӯаи ғазалҳои Фирдавси Аъзам — шоири ҷавони тоҷикро бо теъдоди 1000 нусха ба забони тоҷикӣ ва ҳуруфоти сириллику форсӣ мунташир намуд.
Китоби мазкур 30 ғазали Фирдавсро дар бар гирифта, бо ороиши нафис ба табъ расидааст. Фирдавси Аъзам қабл аз ин китоби ашъори «Абрҳои обӣ» — ро дар соли 2012 низ бо хатти форсӣ ва кириллии тоҷикӣ ба чоп расонда буд.
Устод Маҳдии Баҳманӣ, шоири номдори Эрон ба «Як бағал ғазал» пешгуфтор навишта ва аз зуҳури ин гӯяндаи тозабаён изҳори хушӣ намуда, гуфтааст, ки: «Ҳазрати эшон бо табъи шикананда ва зудранҷи шоиронаи худ аз сўзу гудози дарунӣ сухан ба миён оварда ва онҳоро ба забони шеър вогўя мекунад».
Латофат ва ҷаззобияти ашъори «Як бағал ғазал» дар каломи шоири ҷавон ба гунае иншо шуда, ки ба хонандаи жарфандеш асар мекунад ва бар забонаш сорӣ ва ҷорӣ мегардад.
Интизор меравад, ки китоби мазкур дар доираҳои адабии Эрон рӯнамоӣ ва ба бисёре аз марказҳои фарҳангӣ ба таври ройгон арза шавад. Бояд тазаккур дод, ки Фирдавси Аъзам дар хонаводаи Аъзами Хуҷаста — аз шоирони хушбаёни тоҷик дар соли 1984 ба дунё омадааст. Мавсуф хатмкардаи Донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Хуҷанд бо ихтисоси забони англисист.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






