Гузоштани хишти аввали хобгоҳи ДМТ
Душанбе, 6.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз дар шаҳраки донишҷӯён, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои хобгоҳи нӯҳошёна санги асос гузошта шуд.
Хобгоҳи мазкур дар шафати хобгоҳи рақами 6-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо се блок қомат афрохта, барои 427 донишҷӯи ин даргоҳи маърифат пешбинӣ шудааст.
Тавре зикр гардид, ин хобгоҳ соли оянда бо харҷи 51 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат сохта, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.
Масоҳати умумии хобгоҳ 6 ҳазору 886 метри мураббаъро ташкил дода, аз 44 утоқи ду нафара ва 113 утоқи сенафара иборат хоҳад буд.
Дар асоси лоиҳа хобгоҳи нав аз утоқҳои таълимӣ, толори маҷлисгоҳ, синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, ошхона, утоқи табибон ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ иборат хоҳад шуд.
Дар қабатҳои дуюм ва панҷуми бино толори дарстайёркунӣ барои 40-50 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.
Пудратчии сохтмони бино ҶДММ «Маналит 2011» маҳсуб ёфта, барои дар муҳлати муайян мавриди истифода қарор гирифтани ин бино 12 техника ва 120 сохтмончӣ сафарбар карда мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






