Хатлон: Иқдоми «Кино ва тамошогар»
Душанбе, 4.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Бо ибтикори киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» моҳи март дар вилояти Хатлон иқдоми вижае бо номи «Кино ва тамошогар» барпо мегардад.
Алишер Собиров, сардори шуъбаи банақшагирӣ ва истеҳсолоти «Тоҷикфилм» иброз намуд, ки дар чаҳорчӯби ин иқдом беш аз 10 филми истеҳсоли Тоҷикистон ба сокинони Хатлонзамин тамошо дода мешавад.
«Иқдом ҳудуди 10 рӯз идома карда, барои ҳама табақаҳои ҷомеа: аз наврасону ҷавонон то аҳли зиё нигаронида шудааст. Мехоҳем, ки ба ин васила мардум дубора ба филмҳои ватанӣ рӯ биёранд», — афзуд А. Собиров.
Ҳадафи иқдоми мазкур таблиғи синамои тоҷик ва даст ёфтан ба рушди ин навъи санъат дар Тоҷикистон мебошад.
Дар доираи иқдоми «Кино ва тамошогар» намоиши филмҳои маъруфи тоҷикии истеҳсоли замони Шӯравӣ — «Қисмати шоир», «Рустаму Сӯҳроб», «Ҳасани аробакаш», «Марги судхӯр», «Марди мутааллиқи ду зан», «Дарди ишқ», «Ситораҳои сари танӯр», инчунин филмҳое, ки пас аз касби истиқлол таҳия шудаанд, ба мисли «Муҷассамаи ишқ», «Қиёми рӯз», «Қош ба қош», «Овора», «Ойинаи беҷило», «Муаллим» ва филми мустанади «Ваҳшати ҷанг» дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






