Хуҷанд: «Мехчагули туркӣ» мешукуфад
Душанбе, 5.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар гармхонаҳои Муассисаи давлатии кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 30 ҳазор дона гули лола парвариш меёбад.
Пиёзаки ин намуди гул ҳанӯз моҳи ноябри соли 2014 кошта шуда буд. Маҳз нигоҳубини саривақтӣ ва риояи тамоми талаботи агротехнологӣ боис гардид, ки ин намуди гулҳои баҳорӣ дар шароити гармхона хуб нашъунамо ёбад. Ҳоло қисми аввали 5 намуди лолаҳои гуногунранг ба шукуфтан оғоз намуд.
Тибқи дастури раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тамоми лолаҳои ин гармхона кӯчаю хиёбонҳои маркази вилоятро дар арафаи Иди Наврӯзи оламафрӯз оро хоҳад дод.
Ҳамчунин кормандони ин муассиса дар гулгаштҳои шаҳр имрӯзҳо қаламчаҳои гули садбаргро шинонда истодаанд.
Дар айни замон дар гармхонаҳо 5 навъи гулҳои ороишӣ, аз қабили «Мехчагули туркӣ», садбаргҳои гуногуни ҳарранга, гулҳои маҳаллӣ парвариш ёфта истодаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






