Ифтитоҳи Маркази обтаъминкунӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 06.03.2015. ( АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Дар деҳаи Гулободи ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб Маркази обтаъминкунӣ ифтитоҳ шуд. Муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Файзалӣ Қурбонов бошандагони се деҳаи ҷамоат- Гулобод, Гулзор ва Анварободро, ки бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд, муборакбод гуфта, барои саҳмгузорӣ дар анҷоми як лоиҳаи калон, ки дар ҳамоҳангӣ бо ташкилоти ОКСФАМ амалӣ гашт, ба Кумитаи рушди маҳали ҳар се деҳа, ки дар онҳо дар маҷмӯъ бештар аз 3300 нафар зиндагӣ мекунад, изҳори сипос намуд. Роҳбари ташкилоти байналмилалаии ОКСФАМ дар Тоҷикистон аз ҳамкориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ҷамоати Даҳана изҳори қаноатмандӣ намуд. Гуфта мешавад, дар пиёда намудани ин лоиҳа се деҳаи ҷамоат 2813 сомонӣ саҳм гузоштанд. Ин ҳанӯз охири кор нест, дар марҳилаи навбатӣ бунёди 14 дарвозаи хурди обтақсимкунӣ ба маблағи 68 ҳазору 690 сомонӣ дар назар дошта шудааст. Бояд гуфт, ки чанде пеш миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Барномаи Рушди СММ дар Кӯлоб тафоҳумнома ба имзо расид, ки тибқи он як лоиҳаи бузурги обтаъминкунии ҷамоатҳои деҳот амалӣ хоҳад шуд ва маблағи он бештар аз дувуним миллион сомониро дар бар мегирад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






