Ифтитоҳи як бинои нави маъмурӣ ва оғози сохтмони ду иншооти бузург
Душанбе, 6.03.2015. (АМИТ «Ховар»). -Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон оғоз бахшид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омада, нахуст бинои нави Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Чунонки иттилоъ доданд, ин бинои зебои сеошёна бо харҷи 5 миллиону 120 ҳазор сомонӣ сохта ва бо мебелу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда шудааст.
Дар ин бино 35 нафар коргар, ки мутахассисони варзидаи соҳа мебошанд, бо шароити хуби корӣ таъмин шудаанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои пешгирӣ аз хуруҷ ва паҳншавии бемориҳои хатарноки сироятӣ ва ҳифзи сиҳатии мардуми кишвар аз тамоми имкону захираҳо ва донишу таҷрибаи мутахассисон ҳамаҷониба бояд истифода карда шавад.
Зимни оғоз намудани сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда сурат гирифт, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин бино аз 13 ошёна иборат хоҳад буд.
Дар таҳхонаи бино барои 50 мошини сабукрав таваққуфгоҳ сохта мешавад.
Дар ошёнаҳои болоӣ дар қатори утоқҳои корӣ, ки барои 680 коргар пешбинӣ шудаанд, толори маҷлисӣ бо 315 ҷойи нишаст, толори матбуот, 8 толори таъиноти гуногун, осорхона, боғи зимистона, ошхона бо 180 ҷойи нишаст ҷойгир мешаванд.
Дар ин бино ғайр аз кормандони дастгоҳи марказии вазорати мазкур ҳамчунин 3 хадамоти ин соҳа, 7 маркази ҷумҳуриявӣ, 2 бахши ҷумҳуриявӣ, Академияи илмҳои тиб, идораи сохтмони асосӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷой мегиранд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳузури роҳбарият ва кормандони масъули ин соҳа онҳоро ба баланд бардоштани савияи донишу малакаи мутахассисон ва беҳ намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки вазифаҳои худро софдилона ва бо ҳисси баланди масъулият иҷро намоянд.
Дар шаҳраки донишҷӯён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони се бинои хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон оғоз бахшид.
Тавре иттилоъ дода шуд, ин биноҳо тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда 9-ошёна буда, барои 1281 донишҷӯй пешбинӣ шудаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки биноҳо 12-ошёна шаванд. Тибқи ин пешниҳод дар се хобгоҳи 12-ошёна наздики 1600 донишҷӯй ҷойгир мешаванд.
Барои оғози корҳои сохтмонӣ аллакай 10 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
Тибқи лоиҳа, ҳар як бино дорои ду толор барои дарстайёркунӣ ва ҳар як ошёна дорои ошхона, ҳаммом ва дигар утоқҳои зарурӣ хоҳанд буд.
Бо сохта ба истифода додани ин биноҳо шумораи чунин хобгоҳи нави замонавӣ дар ин ҷо ба 6 адад мерасад. Ҳамагӣ дар ин шаҳрак оянда 15-то чунин хобгоҳҳои зебо қомат рост хоҳанд кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури шумораи зиёди донишҷӯён аз ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти кишвар ба соҳаи маориф ва таҳсилоти олӣ ёдовар шуда, онҳоро ба таҳсили хубу аъло ва дар сатҳи баланд аз худ намудани касбу ҳунар ҳидоят намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






