Иштироки тими мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо дар Анталия
Душанбе, 6.03.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дастаи мунтахаби наврасони 16-17 солаи Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 9-ум ва 11-уми марти соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мегардад, иштирок мекунанд.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо барои гӯштингирони навраси тоҷик аввалин мусобиқаи бузурги байналмилалӣ дар мавсими имсола мебошад.
Гуфта мешавад, ки ба ҳайати тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон 10 варзишгар шомил аст, ки дар байни онҳо як духтар мебошад. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро Сомон Маҳмадбеков (55 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (55 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (60 кг), Нуроншо Бодамаев (66 кг), Салмон Раҳмихудоев (66 кг), Эраҷ Абдуллоев (66 кг), Ёқубҷон Назиров (73 кг), Алиакбар Қаландаров (81 кг), Хуршед Маҷидов (+90 кг) ва Шоҳида Қаландарова (67 кг) намояндагӣ мекунанд.
Дзюдочиёни навраси тоҷик дар Туркия таҳти роҳбарии мураббиён Маъдӣ Маҳмадбеков, Рисқиддин Раҷабов ва Абдураҳим Қарахонов ширкат меварзанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






