Изҳороти Раёсати КМ Ҳизби аграрии Тоҷикистон
Душанбе, 03.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Мо натиҷаҳои интихоботро пурра эътироф намуда, онро қадами ҷиддӣ
дар раванди ташаккул ва таҳкими институтҳои демократии кишвар мешуморем», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Рустам Латифзода-раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон /ҲАТ/. Мавсуф афзуд, ки ҲАТ ба интихоботи парлумонӣ бо омодагии комил ворид гардида, тавонист беҳтарин намояндагони худро ҳамчун номзад ба зинаҳои гуногуни мақомоти қонунгузорӣ пешбарӣ намояд. Таъкид кард, ки дар интихоботи парлумонӣ 32 нафар намояндаи ҲАТ ҳамчун номзад ба Маҷлиси намояндагон ва 960 аъзои ҳизб ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбарӣ шуданд. Раиси ҲАТ гуфт, ки раванди интихобот тавассути нозирони ҲАТ дар назорати доимӣ буд ва ба ситоди марказии ҳизб ягон шикояти ҷиддие вобаста ба вайрон гаштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба интихобот ворид нагардид.
Рустам Латифзода афзуд, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар қиёс ба интихоботи парлумонии соли 2010 дар сатҳи баланди омодагӣ ва таваҷҷуҳи зиёди шаҳрвандон ба ташаккулдиҳии мақоми олии қонунгузории мамлакат ҷараён гирифта, шаҳодати муттаҳидии қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли масоили мубрами ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва эътимод ба намояндагони халқ буд.
Роҳбари ҲАТ дар посух ба саволҳои хабарнигорон гуфт, ки мо умед дорем бо ворид гардидани намояндагони бештари Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар ва таъсиси фраксияи алоҳида дар ҳайати нави Парлумон ҷиҳати таъмини сокинони мамлакат бо зиндагии шоиста, пуштибонии бахши кишоварзии ҷумҳурӣ, мусоидат ба ташаккули институтҳои иқтисоди бозорӣ ва дар маҷмӯъ, таъмини амнияти озуқавории кишвар, ки яке аз се ҳадафи стратегии мамлакат маҳсуб меёбад, саҳми беназир гузорем.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи натиҷаҳои муқаддамотии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар оид ба натиҷаҳои баргузории интихоботи парлумонӣ ба ҷонибдории ҲАТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 450 ҳазору 275 нафар ё ин ки 11,8% интихобкунандагон раъй дода, ҲАТ дар Парлумон соҳиби 3 мандат гардид. Инчунин ду номзади ҲАТ дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатаи Восеъ №39 ва Спитамен №25 бо гирифтани овози бештар соҳиби мандати вакилӣ гардиданд. Дар маҷмӯъ, ҲАТ бо 5 номзад вориди палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагон мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






