“Кино ва тамошогар”- иқдоми нави «Тоҷикфилм»
Душанбе, 6.03.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон моҳи марти соли равон бо ибтикори Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» иқдоми “Кино ва тамошогар” баргузор мегардад.
Ба гуфтаи Алишер Собиров, сардори шуъбаи банақшагирӣ ва истеҳсолоти «Тоҷикфилм» 10 филми истеҳсоли Тоҷикистон барои сокинони Хатлон намоиш дода мешавад.
Гуфта мешвад, ки филмҳои маъруфи тоҷикии истеҳсоли замони Шӯравӣ — «Қисмати шоир», «Рустаму Сӯҳроб», «Ҳасани аробакаш», «Марги судхӯр», «Марди мутааллиқи ду зан», «Дарди ишқ», «Ситораҳои сари танӯр», инчунин филмҳое, ки пас аз касби истиқлол ба навор гирифта шудаанд, ба мисли «Муҷассамаи ишқ», «Қиёми рӯз», «Қош ба қош», «Овора», «Ойинаи беҷило», «Муаллим» ва филми мустанади «Ваҳшати ҷанг» ба намоиш гузошта мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






