Маҳфили фарҳангӣ бахшида ба 3000-солагии Ҳисор
Душанбе, 06.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Маҳфили навбатии фарҳангӣ дар кафедраи таърих ва назарияи журналистика ва воситаҳои электронии ахбори оммаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия бахшида ба 3000- солагии Ҳисори шодмон доир гашт, ки дар он таърихнигорон, устодону шогирдони донишгоҳ ва дигар нафарон сухан гуфтанд. Зимни маърузаҳо роҷеъ ба ҷашни сеҳазорсолагии Ҳисор ва ҷойҳои таърихиву муқаддаси он сухан рафта, аз ҷумла гуфта шуд, ки мақсад аз ҷашни 3000-солагии Ҳисор эҳёи ёдгориҳои қадимаи давлатдории ин водӣ мебошад, ки замоне аз Шаҳрисабз оғоз гардида, ҳудуди он то Хоҷа Обигарм тӯл мекашид. Маънои худи Ҳисор қалъаи мудофиа буда, аз он ҷо бар зидди аҷнабиён мубориза мебурданд.
Имрӯз дар дохили қалъаи Ҳисор осори хеле қадимии асри биринҷ ва оҳан ёфт шудаанд. Олимони соҳаи бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ вобаста ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор дар ҳудуди қалъа ҳафриёт гузаронида, корҳои илмиро дар мавзӯи таъриху фарҳанги ин водӣ идома доданд. То ин дам китобҳои гуногун дар мавзуъҳои «Фарҳанги Ҳисор ва мавқеи он дар давраҳои аввали этногенези халқи тоҷик» ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва «Маҷмӯи ёдгориҳои таъриху фарҳанги водии Ҳисор» нашр шуданд. Ҳафриёти бостоншиносӣ дар ҳудуди қалъаи Ҳисор гузаронида шуда, дар асоси маводи ба дастомада тахмин кардан мумкин аст, ки вақти азхудкунии ин мавзеъ тақрибан 3000 сол пеш оғоз шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






