Маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирон ба С.Аслов
Душанбе, 10.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи 9 марти соли 2015 маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъйини чор давлати хориҷӣ ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов баргузор гардид.
Нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Тариқ Иқбол Сумро, Салтанати Умон Саид бин Аҳмад бин Халид ал-Барванӣ, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Фан Ван Фао ва Ҷумҳурии Федеративии Демократии Ҳабашистон (Эфиопия) Айалаев Гобезие Воркенеҳ супориданд.
Пас аз маросим, мулоқотҳои дуҷонибаи вазири корҳои хориҷӣ бо сафирони навтаъйин доир гардиданд, ки зимни онҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
С. Аслов сафиронро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






