Муҳокимаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ
Душанбе, 6.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовар дар чорчӯбаи “Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он мушовири Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ — ҳамоҳангсози зербарнома Юсуф Моллаоғлу, намояндагони ВКХ, АНМН, СҚС КДАМ, Хадамоти гумрук, ВКД, Вазорати адлияи ҶТ иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои гузаронидани чорабиниҳо дар соҳаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкил намудани лоиҳаҳои нав дар чорчӯбаи барнома, ки онро Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои солҳои 2015-2017 дар Осиёи Марказӣ ба нақша гирифтааст, баррасӣ гардиданд.
Инчунин нақшаи кории зербарномаи “Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” — “Мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии ҷинояткорӣ” муҳокима гардид.
Зербарнома барои васеъ намудани миқёси нуқтаи назар нисбат ба ҳамкории минтақавӣ, гузаронидани амалиёти муштарак дар минтақа оид ба маводи мухаддир ва прекурсорҳо, мубдилаи иттилоот, мустаҳкам намудани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир бо роҳи ҳамоҳангсозии фаъолият дар минтақа пешбинӣ шудааст.
Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар вохӯрӣ иштирок намуданд, ба ҳайати Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба ташхиси судӣ ва маводи мухаддир дохил мешаванд. Гузаронидани Ҷаласаи якуми Гурӯҳи корӣ дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






