Муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон дар Олмон
Душанбе 04.03.2015 (АМИТ «АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Шурӯъ аз имрӯз, 4-ум то 8-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Олмон Намоишгоҳи калонтарини туристии дунё ITB -Berlin доир мегардад, ки дар он ҳайати роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва 13 адад ширкати ватанӣ-«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик эйр”, меҳмонхонаи “Серена”, ассотсиатсияҳои сайёҳии “Зарафшон”, “Рашт”, “Хатлон” ва “Бадахшон” захираҳои туристии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар доираи ин сафар Аҳтам Абдуллозода, раиси кумитаи мазкур дар маросими расмии кушодашавии намоишгоҳ ва мулоқоти вазирони туризми масири Шоҳроҳи бузурги Абрешим иштирок менамояд.
Инчунин Аҳтам Абдуллозода бо Котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ ва донишҷўёну ҷавонони тоҷик, ки дар Олмон таҳсилу иқомат доранд, мулоқот анҷом дода, дар нишасти дўсторони Тоҷикистон дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон суханронӣ хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки дар Намоишгоҳи калонтарини туристии дунё, ITB-Berlin бештар аз 10 ҳазор ширкати сайёҳӣ аз 200 давлати дунё ширкат варзида, захоири туристии худро муаррифӣ менамоянд.
Бори нахуст аст, ки дар ду қисмати ин намоишгоҳи бонуфуз гўшаи туристии Тоҷикистон ба тамошо гузошта мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 8-ум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ин намоишгоҳ иштирок намуда, имконият ва захираҳои туристии худро барои муаррифии ҳарчи бештари соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари дўстдорони сайру саёҳат роҳандозӣ менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






