Муаррифии минтақаи озоди «Суғд» дар Арок

Март 6, 2015 09:33

  Душанбе, 6.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар шаҳри Арок — маркази устони Марказии Эрон Форуми соҳибкорӣ баргузор гардид, ки дар он зарфиятҳо ва иқтидори минтақаи озоди Суғд муаррифӣ гардиданд. Дар  форум, ки бо ибтикори Палатаи   бозаргонии Арок баргузор гардид, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон — Неъматулло Эмомзода, раиси минтақаи озоди Суғд Фирдавс Алимов ва мудири шуъбаи сармоягузориҳои хориҷӣ Мирзоманнон Мирзоолимов ширкат доштанд. Дар ҳошияи ин барнома Н. Эмомзода зимни боздид аз тавонмандиҳои шаҳри Арок бо Ҳасани Бегӣ -раиси  вилояти Марказӣ ва муовинонаш Муҳаммадризо Ҷаъфарзода -раиси палатаи бозаргонӣ, саноеъ ва маъдани ин вилоят мулоқот намуда, дар бораи заминаҳои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар табодули назар карданд.
   Ҳамчунин ҷаласаи кории гурӯҳи тавсеаи содироти вилояти  Марказӣ бо иштироки 50 нафар аз мудирони иқтисодии  ин вилоят, ,раисони ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ барпо шуд, ки дар он масъалаҳои умдаи беҳтар кардани равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муҳаммадризо Ҷаъфарзода — раиси Палатаи бозаргонии Арок зарфиятҳои устони Марказӣ ва шаҳри Арокро муаррифӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки Арок иқтидорҳои зиёд дорад, барои мисол шаҳристони Дилиҷон бо маҳсулоти пӯшиши бом (изугом), шаҳристони Маҳаллот бо парвариши гулу гиёҳ ва худи шаҳри Арок бо корхонаи алюминии Арок маъруфият дошта, илова намуд, ки ин устон бо вижагиҳои фарҳангӣ ва таърихӣ дар шоҳроҳҳои иртиботии шимол ба ҷануб ва шарқ ба ғарб қарор дорад ва дар ин замина имкониятҳои фаъолтар шудани табодули иқтисодии Арок бо Тоҷикистон вуҷуд дорад.
     Зикр шуд, ки бо таваҷҷуҳ ба муштаракоти фаровони фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Эрон боздиди сафирон метавонад оғози фаъолтар шудани ҳамкорӣ байни кишварҳо гардад. Дар ин замина,  пешниҳод гардид, ки барои пайгирии масъалаҳои матраҳшуда,  миёни устони Марказӣ ва Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ ташкил шавад. 
     Ҳамзамон  Сафири Тоҷикистон дар бораи се ҳадафи асосии стратегӣ ва фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, хусусан лоиҳаҳои иқтисодӣ, низом ва шароити гумрукӣ, андоз ва имтиёзҳои ҷумҳурӣ барои сармоягузорони хориҷӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
 
 

Март 6, 2015 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд