Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Чин Жан Юнтсузун
Душанбе, 03.03.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дирўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ноиби директори генералии Гурўҳи ширкати 19-уми Ҷумҳурии мардумии Чин Жан Юнтсузун мулоқот кард.
Дар мулоқот масъалаи иштироки ширкати мазкур дар сохтмони нақбу пулҳои қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қўрғонтеппа мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони қитъаи роҳи мазкур бояд моҳи сентябри соли 2016 пурра анҷом дода шавад.
Тавре ки таъкид гардид, новбаста аз шароити мусоид ва имконоти бузурги молиявию техникии ин ширкат корҳои оғози татбиқи лоиҳаи сохтмони нақбу пулҳои қитъаи роҳи оҳан нисбатан суст ба роҳ монда шудаанд.
Дар робита ба ин қарор дода шуд, ки аз ҷониби ширкат нақшаи мукаммали корҳо таҳия гардида, дар наздиктарин фурсат корҳои сохтмонӣ оғоз мешаванд. Ҳамзамон дар ҳамин муҳлат воридоти техника ва таҷҳизоти корӣ пурра таъмин гардида, барои дар муҳлати муқарраршуда ба охир расонидани корҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






