Мусодираи 27 тонна маводи мухадир
Душанбе,04.03.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си шаби гузашта кормандони мақомоти полиси Боливия дар шаҳри Санта-Крус нашъаҷаллобонро дастгир намудаанд. Гуфта мешавад, ки маводи мухаддири навъи сахттаъсири кокаинро қочоқчиён нақша доштанд, ки тавассути бандарҳои Чили ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд. Ба гуфти кормандони полиси кишвар ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда 27 тоннаро ташкил медиҳад.
Душанбе,04.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз автобуси мусофирбар дар яке аз роҳҳои душворгузари минтақаи кӯҳии шаҳри Линҷоуи музофоти Хэнани Ҷумҳурии Марудмии Чин аз баландии 20 метр ба ҷарӣ сарозер гардид. Дар ҷои ҳодиса 20 кас ба ҳалокат расида, 13 тани дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Мувофиқи иттилои кормандони соҳаи тандурустӣ вазъи сиҳатии чанд тан аз захмиён вазнин арзёбӣ гардид. Тафтиш бо мақсади муайян намудани сабабҳои саҳеҳи садама идома дорад.
Душанбе,04.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ғоратгарони номаълум ба автомобили боркаши ҳомили тилло ҳамла оварданд, миқдори зиёди тиллоро ба яғмо бурдаанд. Дар маҷмӯъ арзиши он ба 4 миллион доллар баробар аст. Тибқи иттилои расида, мошини боркашонии ҳомили тилло аз Флорида ба Массачусетс ҳаракат мекард. Ҷинояткорон баъди анҷом додани ғоратгарӣ ба самти номаълум фирор намудаанд. Тафтиш дар ин самт идома дорад.
Душанбе,04.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Рашн-Ту-Де дар пойтахти Аргентина — шаҳри Буэнос-Айрес дар ҷараёни баргузории бозии футбол миёни мухлисону кормандони мақомоти полис задухӯрди шадид ба амал омада, 14 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Тибқи иттилои расонаи мазкур задухӯрд ҳангоми оғоз ёфтани бозӣ миёни дастаҳои футболбозони «Лаферрере» ва «Док Суд» ба амал омадааст. Гуфта мешавад, ки бозии футбол дар дақиқаи 27-уми қисми якуми дидор қатъ шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






