Нақши ММ дар ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ
Душанбе, 6.03.2015.(АМИТ Ховар, Марзия Саидзода).-Дар давраи фаъолияти даъвати чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон 26 ҷаласаи Шӯро, 21 иҷлосияи Маҷлиси миллӣ, 3 иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ баргузор гаштанд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими марбут ба рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд,- гуфт зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти панҷсолаи палатаи болоии Парлумони кишвар раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев.
Зикр шуд, ки дар зарфи панҷ соли фаъолияти Маҷлиси миллӣ дар даъвати чорум тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳияҳо мувофиқ ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ» тарҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ва сарҳади ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва номи 7 шаҳрак, 40 деҳот, 601 деҳа тағйир дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






