Нашри «Буҷаи давлатӣ ва журналистика»-и Ҷ. Муқим
Душанбе, 3.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Манижаи Баҳромзода).-Дар аввали моҳи март китоби нави профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷовид Муқим бо номи «Буҷаи давлатӣ ва журналистика» дар нашриёти «Озар» аз чоп баромад. Дастури таълимӣ аз 152 саҳифа иборат буда, он ба нақши давлат дар иқтисодиёти муосир, вазифаҳои иқтисодии давлат, таҳия, баррасӣ ва қабули буҷаи давлатӣ бахшида шудааст. Ҳамчунин дар дастур дар бораи даромаду хароҷоти буҷа, назорати молиявӣ метавон маълумот гирифт. Муаллиф барои аёнияти мавзӯъҳои баррасишаванда аз матбуоти тоҷик мисолҳои мушаххас овардааст.
Китоби «Буҷаи давлатӣ ва журналистика» барои донишҷӯёни шуъбаву факултаҳои журналистика, ки дар мавзӯи буҷаи давлатӣ мавод менависанд, пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин аз он донишҷӯёни факултаҳои иқтисодӣ метавонанд истифода баранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






