Натиҷагирии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт»
Душанбе, 06.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон барои ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳалли муаммоҳои экологӣ дар байни кормандони васоити ахбори омма таҳти унвони «Натиҷагирии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015» озмун эълон менамояд.
Ба озмун мавод ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод мешаванд. Иштироккунандагони озмун ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот дар бораи дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, бояд пешниҳод намоянд. Ба маълумотнома нусхаи мақола, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бо диск ва аннотатсияи мавод ба шакли чопӣ дар формати А4, шрифти Times New RomanTj 14 замима мешавад. Нусхаи электронии мавод ба суроғаи электронии eco.info@hifzitabiat.tj ирсол мешавад. Шахсоне, ки дар озмун ғолиб дониста мешаванд, барои гирифтани мукофот ҳуҷҷати худро (шиноснома) пешниҳод намоянд.
Давраи баргузории озмун аз 1 март то 25 августи соли 2015 муқаррар шуда, он дар арафаи иди Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст мегардад. Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ ва ифтихорномаҳои кумита сарфароз гардонида мешаванд.
Телефон барои тамос: 235-44-30








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






