Оғози марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ
Душанбе, 4.03.2015. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар сабқати ниҳоӣ ҳашт даста ширкат меварзад. Инҳо ду дастаи беҳтарини минтақаи Хатлон — «Равшан»-и Кӯлоб ва «Данғара»-и Данғара, ду дастаи беҳтарини минтақаи Суғд — «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Қайроққум»-и Қайроққум, чаҳор дастаи минтақаи Душанбе — «Истиқлол-и Душанбе, ССКА «Помир-и Душанбе), «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Хайр»-и Ваҳдат мебошанд.
Гуфта мешавад, ки дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд: гурӯҳи «А» — CСКА «Помир» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Данғара» (Данғара), гурӯҳи «Б» — «Истиқлол» (Душанбе), «Қайроққум» (Кайроққум), «Равшан» (Кӯлоб) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода).
Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ, ки 15-уми март маълум мешавад, бо Ҷом, медалҳои тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Ба дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, медалҳои нуқра ва ҷоизапулӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва ба дастае, ки ҷойи севумро мегирад, медалҳои биринҷӣ, инчунин 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳанд шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






