Оила- асоси пойдории давлат
Душанбе,03.03.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Бо иштироки донишҷӯёни факултетҳои кибернетика, санъати тасвирӣ ва технология, физикаю техника ва математика дар факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинӣ бахшида ба муносибати соли 2015-соли оила ва рӯзи байналмилалии занону бонувон дар мавзӯи “Маърифати оиладорӣ- калиди хушбахтӣ” гузаронида шуд.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар чорабинӣ декани факултети физикаю техника Раҳимҷон Назаров роҷеъ ба масъалаҳои омодагӣ ба оиладорӣ, саҳми занону бонувон дар ҷомеаи имрӯз, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамаи ҷавонон, дар бораи вайроншавии оилаҳои ҷавон ва бисёр мушкилиҳое, ки ба оилаву оиладорӣ мутааллиқанд, сухан гуфт.
Дар чорабинӣ таъкид шуд, ки мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа сафи бекоршавии ақди никоҳи оилаҳои ҷавон афзуда истодааст, ки ин боиси нигаронист. Инчунин мушкилоти дигар он аст, ки никоҳи хешутаборӣ бисёр шуда истодааст ва аз нигоҳи олимони соҳаи тиб ин амал боиси носолимии кӯдакони навзод мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






