Ошкорсозии боз як хариду фурӯши замин аз ҷониби прокуратураи Суғд

Март 7, 2015 10:45

Душанбе, 7.03.2015. (АМИТ “Ховар”). — Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ аз ҷониби  Президенти кишвар ба мақомоти прокуратура, ба хусус сохторҳои маҳаллии он супориши қатъӣ дода шуд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои ғайриқонунӣ додани қитъаҳои замин ва хариду фурӯши он чораҳои зарурӣ андешанд. Зеро тайи солҳои охир ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо намудан ва хариду фурӯши қитъаҳои замин боиси нигаронӣ буда, ҳатто воситаи даромади муфт барои шахсони масъул ва мансабдор табдил ёфтааст.  
Прокуратураи вилояти Суғд баҳри иҷрои қонунгузории мазкур ва ошкору пешгири намудани ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо ва вобаста намудани қитъаҳои замин чораҳои қатъи андешида истодааст. 
Аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд ошкорнамои ҳолатҳои  хариду фурӯши замин ва гирифтани маблағҳои калон ба сифати пора аз тарафи шахсони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо шаҳодати ин аст.
Чунончӣ, раиси ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Фозилов Гулшан Ғолибҷонович барои ба шаҳрванд Дилноза Ҷураева  ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати  0,08 гектар аз шавҳари номбурда  ба миқдори калон-ба маблағи 17 600 доллари Иолоти Муттаҳидаи Америка ба сифати пора талаб намуда, дар се  ҳолат тавассути миёнарав маблағи дар боло зикргардидаро ҳамчун пора гирифтааст.
Раиси ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен Гулшан Фозилов баъди гирифтани маблағи пора шаҳрванд Дилноза Ҷураеваро ба руйхати шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дохил намуда ба зердасташ муҳандис-заминсозӣ ҷамоат супориши ғайриқонунӣ дод, ки   парвандаи заминсозӣ ва барасмиятдарории қитъаи замини наздиҳавлигиро омода ва ба кумитаи заминсозии ноҳия пешниҳод намояд. 
Бо ҳамин роҳ бо дахолат ва  амалҳои ғайриқонунии раиси ҷамоати деҳоти Тағояк Гулшан Фозилов шаҳрванд Дилноза Ҷӯраева   ғайриқонунӣ соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардидааст.
Оиди ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокурори вилояти Суғд 27 феврали соли 2015 нисбати раиси ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен Гулшан Фозилов бо банди “г” қисми 4 моддаи 319 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани пора ба миқдори калон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди он ба зиммаи муфаттишони Раёсати Агентии назорати давлатии моляви ва мубориза ба коррупсия дар вилояти Суғд вогузор карда шудааст. 
Дар рафти пешбурди тафтишоти пешакӣ гуноҳи Гулшан Фозилов бо нишондоди худиқрории худи ӯ ва дигар нишондодҳои шоҳидон ба пуррагӣ исботи худро ёфта, номбурда санаи 04-уми марти соли ҷорӣ ҳамчун гумонбар ба ҳабс гирифта шудааст.  

Март 7, 2015 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!