Озмуни экологӣ миёни хонандагони мактабҳои ҳамагонӣ
Душанбе, 06.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани маърифату фарҳанги экологии хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ доир ба натиҷагирии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 барои дарёфти Дипломи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд.
Озмун дар байни хонандагони синфҳои 1-4, 5-8, 9 -11 бо 9 номгӯй: расми беҳтарин, шеъри беҳтарин, мақолаи беҳтарин, ҳикояи беҳтарин, сурати беҳтарин, видеофилми беҳтарин, видеоролики беҳтарин, кори таҳқиқотии беҳтарин, кори меъмории беҳтарин гузаронида мешавад. Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд (мукофотҳо аз 100 то 1000 сомонӣ муқаррар шудааст).
Барои шинос шудан бо шартҳои озмун ба рақами телефони 235-44-30 занг занед.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






