Паҳнкунандаи ҳашиш дастгир шуд
Душанбе, 4.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар дар шаҳри Душанбе се шаҳрванд бо маводи нашъаовар дастгир гардид.
Дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишвории пойтахт зодаи 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дастгир шуд, ки аз дохили кулоҳаш як адад бастаи маводи нашъаовари ҳашиш мусодира гардид.
Тафтишот нишон дод, ки дастгиршуда маводи нашъаоварро аз шиноси 24-солаи худ — зодаи шаҳри Турсунзода, ҳоло сокини пойтахт харид намудааст.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои иловагӣ фурӯшандаи эҳтимолии маводи нашъаовар дар мошини тамғаи «Mercedes-Benz» дастгир шуд. Ҳангоми кофтукови мошин бо истифода аз саги хизматӣ аз таги хокистардони он як адад бастаи маводи нашъаовари ҳашиш ёфт гардид.
Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






