Прокурорҳо ба эътимоди мардум ва Президент содиқ мемонанд?
Душанбе, 05.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи бистуякуми палатаи болоии Парлумони мамлакат, ки 5 март дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллӣ баргузор гардид, ба як силсила пешниҳодҳои Президенти кишвар дар бораи таъйин намудани муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ризоият доданд.
Ҳамин тариқ, бо пешниҳоди Президенти кишвар ва Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳотам Назрулло ба вазифаи муовини аввал, Осимзода Муҳаммад Иброҳим ва Валӣ Ваҳҳобов ба вазифаи муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Сафаралӣ Мирзозода ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ -Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Муовини аввали Прокурори генералии ҷумҳурӣ Назарзода Ҳотам 58 сол дошта, соли 1957 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Ҳ. Назарзода 30 сол собиқаи корӣ дошта, дар ин муддат дар вазифаҳои гуногуни мақомоти прокуратураи кишвар дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Данғара, Бохтар, Сарбанд, Қӯрғонтеппа ва Вахш фаъолият намудааст. Мавсуф аз соли 2007 то инҷониб дар вазифаи Прокурори нақлиёти ҷумҳурӣ фаъолият дошт.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар, ки охири моҳи феврал дар Душанбе баргузор гардид, Президенти кишвар, раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти кормандони масъули мақомоти прокуратураи кишвар дар мавриди риояи дақиқ ва назорати якхелаи қонунҳо дар қаламрави кишвар изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки дар зарфи панҷ соли охир нисбат ба 1 211 нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ парвандаи ҷиноии дорои хусусияти коррупсионӣ оғоз ва тафтиш шудааст, ки аз ин ҳисоб 44 нафарашро кормандони мақомоти прокуратура ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






