Р.Қосимов-яке аз фотеҳони муваффақи Дилварзин буд
Аз он додаст модар номи Раҳбар,
Писар бар ҳамзамонон буд раҳбар.
Сайдулло Аббоси Хуҷандӣ
Душанбе, 4.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз ба зодрӯзи ходими намоёни сиёсию давлатии Тоҷикистон Раҳбар Қосимов 85 сол пур шуд.
Раҳбар Қосимов аз чеҳраҳои шинохтаи арсаи сиёсат буда, дар умри кӯтоҳи ҳамагӣ 44-солаи худ шӯҳрат пайдо кардааст.
Раҳбар Қосимов 4 марти соли 1930 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1946 мактаби миёнаи № 12 шаҳри Ленинободро бо муввафақият хатм намуда, ба факултаи агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) дохил мешавад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1953, ханўз дар синни 23 солагиаш бо роҳхат аз МТС-и Исфисор ба сифати сарагроном оҒоз менамояд. Солҳои 1955-1958 солҳои фаъолияти пур-самар ва комёбиҳои баланди сарагрономи МТС Р.Қосимов буд. Моҳҳои июл-декабри соли 1958 сардори инспексияи хоҷагии қишлоқи ноҳияи Ленинобод, аз моҳи декабри ҳамон сол то моҳи октябри соли 1959 раиси комиҷроияи ноҳияи Ленинобод (имрўза Бобоҷон Ғафуров) интихоб мешавад. Р. Қосимов дар тулии солҳои 1953-1961 дар ноҳияи Ленинобод, ки соли 1959 номи Хуҷандро гирифтааст, бо камоли масъулият ҳамчун ташкилотчии моҳир софдилона меҳнат карда ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардидааст.
Соли 1953 фаъолияти баланди ташкилотчигии Р.Қосимовро ба инобат гирифта ўро ба сафи аъзои ҳизби Коммунистӣ (КПСС) қабул менамоянд. Аз 1960 то соли 1961ба сифати муовини вазири хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Моҳи сентябри соли 1961 ба вазифаи Қотиби якўми Қумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Мастҷоҳ интихоб менамоянд. Дар муддати нисбатан кўтоҳ корҳои зиёдеро дар мавзеи Дилварзин ба анҷом расонида қариб 40 ҳазор гектар замини навро аз худ ва даҳ хоҷагии наву калони пахтакорӣ бунёд карда намуда аст. Мастчоҳ ба яке аз ноҳияҳои бойтарини шимоли Тоҷикистон мубадал гардида, дараҷаи некуаҳволӣ ва зисту зиндагии мардум беҳтар мегардад. Яке аз фотеҳони заминҳои нав ва дар гузашта ташналаби Дилварзин дар сар то сари ҷумҳурӣ шинохта мешавад.
Р. Қосимов 10 январи солҳои 1963 Котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти Идораи истеҳсолии колхозиву совхозии шаҳри Конибодом ва аз 29 декабри соли 1965 Котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти шаҳри Конибодом интихоб мешавад. Дар зарфи 7-соли котиби аввали ҳизбии шаҳри Конибодом будани ў нақшаҳои давлатии пахтасупорӣ, пиллаву гушт ва меваю сабзавот сол аз сол пурраю барзиёд иҷро мегардид.
Соли 1965 ноҳияи Конибодом барои дастовардҳои баланд дар чиниши мошинии пахта бо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст. Дар ободонии деҳот ва азхуд кардани заминҳои бекорхобидаи шаҳри Конибодом саҳми Р.Қосимов хело калон аст.
Р. Қосимов соли 1972 Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС-ро хатм менамояд. Дар давраи таҳсил бо аллома Бобоҷон Ғаффуров вомехўрад ва сўҳбати самимона ба анҷом мерасонад.
Солҳои 1972-1974 ба вазифаи котиби якуми Кумитаи Хизби Коммунисти ноҳияи Ҳуҷанди вилояти Ленинобод таъин мегардад. Моҳи январи соли 1974 Раиси бюрои ташкилии КМ ПК Тоҷикистон оид ба вилояти Кўлоб тасдиқ мешавад.
Подоши хизмати бузурги Р.Косимов бо ордени Ленин, 2 Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медали «Барои меҳнату шуҷоат», Ифтихорномаи фахрии Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Шурави Сотсиалистии Тоҷикистон ва унвонии Агрономи хизматнишондодаи Ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шудааст. Ҳамзамон вакили Шўрои Олии Тоҷикистон даъватҳои шашум ва ҳафтум интихоб гардида буд. Ба номи Роҳбар Қосимов яке аз хоҷагиҳои ноҳияи Б.Ғафуров ва кўчаи шаҳри Хуҷанд номгузорӣ шудааст.








Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид






