Садои “Ховар” дар Кӯлоб
Душанбе, 4.0.3.2015 (АМИТ «Ховар»).- Радиои “FM Ховар” дар мавҷи 100,5 FM дар шаҳри Кӯлоб ва атрофи он фаъол шуд. Акнун сокинони шаҳри Кӯлоб имкон доранд, то аз шунидани барномаҳои иттилоотиву фароғатии ин радиои тозатаъсис бархурдор бошанд.
Бояд гуфт, ки Корхонаи воҳиди давлатии радиои «FM Ховар» 2 июни соли 2011 дар асоси пешниҳоди Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» таъсис ёфтааст.
То кунун радиуси пахши радио фарогири шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он буд ва ҳоло “Ховар” дар вилояти Хатлон дар шаҳрҳои Қурғонтеппа, Кӯлоб ва навоҳии атрофии он низ садо медиҳад. АМИТ “Ховар” дар нақша дорад, то барои пахши ҷумҳуриявии радио имкон фароҳам созад. «FM Ховар» — радиои иттилоотӣ — мусиқӣ буда, дар он ахбор мавқеи хосса дорад ва аз соати 7:00 то 22:00 ҳар ним соат ахбори оҷиливу муътамад бо чор забон — тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ пахш мешавад.
Дар ин радио беш аз 20 нафар журналистон ба кор ҷалб шуданд. Ҳарчанд аз таъсиси радио муддати зиёде сипарӣ нагардида бошад ҳам, аллакай онро аз рӯи барномаҳои ҷолибе, чун «Рози рӯз», «Се бар як», «Тафсир», «Накҳати роз», «Суруди ҳафта», «Бозору харидор», «Меҳмони Ховар» шинохтаву эътироф мекунанд.
Радиои «FM Ховар» дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он рӯи мавҷи 101,5 FM садо медиҳад ва бояд гуфт, ин радиоро дар тамоми рӯи олам аз тариқи шабакаи умумиҷаҳонии интернет шунидан мумкин аст, ки ин иқдом дар таърихи радиои кишвар аввалин маротиба аз ҷониби «FM Ховар» ба роҳ монда шудааст. Радиои «FM Ховар»-ро дар сомонаи www.khovar.tj бо пахши як тугмача истимоъ намудан имконпазир аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






