Санҷиши комиссарони ҳарбӣ чӣ натиҷа дод?
Душанбе, 05.03.2015. АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар асоси нақшаи чорабиниҳои масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи мамлакат ва бинои комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Синои пойтахт муддати се рӯз ба таври назариявию амалӣ ҷамъомади масъулини комиссариатҳои ҳарбӣ ҷараён гирифт. Дар ҷараёни ҷамъомад ҳайати он вобаста ба қонунҳои амалкунандаи мамлакат, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми мудофиаи ҳудудӣ, омодагии сафарбарӣ, ба қайди ҳарбӣ гирифтани захираҳои эҳтиётии даъватшавандагон, техникаҳои хоҷагии халқ, масоили вобаста ба ҷобаҷогузории кадрҳо, ташкили комиссияҳои даъватӣ ва дигар масъалаҳое, ки дар самти фаъолияти рӯзмараи комиссариатҳои ҳарбӣ заруранд, мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Қобили зикр аст, ки чунин ҷамъомад ё машғулиятҳои таълимӣ ҳар сол дар ҷараёни давраҳои тобистонаву зимистонаи омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ доир мешаванд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






