Суғд: Курсҳои омӯзишӣ барои дарёфти рухсатномаи “С”
Душанбе, 4.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Дирӯз дар қароргоҳи Федератсияи футболи Суғд (ФФС) курсҳои омӯзишӣ барои дарёфт кардани рухсатномаи “С” оғоз шуд.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар семинар Хуршед Ақдодов, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд иштирок намуда, миннатдории худро ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ташкили чунин семинарҳо ва дастгирӣ баён намуда, ба ҳамагон комёбиро орзуманд шуд.
Гуфта мешавад, ки семинарро дастурдеҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон Боир Игамбердиев мегузаронад.
Ёдовар мешавем дар ин семинар 27 довталаб иштирок дорад, ки баъд аз супоридани имтиҳонҳо соҳиби рухсатнома мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






