Таъмин ва дастрасии энергияи сабз ба ҳама
Анкара, 10.03.2015. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).-6 марти соли 2015 дар шаҳри Истанбул вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо директорони иҷроияи ширкати чиноӣ «YINGLI SOLARO» Яао Вен ва Дмитриос Бачадакис доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, иншоот, кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ ва коркарди маъдан суҳбат оростанд.
Яао Вен ва Дмитриос Бачадакис дар бораи ширкати «YINGLI SOLARO» маълумот дода, зикр намуданд, ки иқтидори умумии солонаи неруи офтобӣ, манбаъҳои алтернативии энергетикӣ, имкониятҳо ва фазои сармоягузории Тоҷикистон барои ҳамкории судманд муносиб аст ва моҳҳои наздик барои сафар ба Душанбе қарор қабул карданд.
Ширкати чиноии «YINGLI SOLARO» аз калонтарин ширкатҳои ҷаҳон оид ба истеҳсоли панелҳои офтобӣ буда соли 1998 таъсис ёфтааст ва марказаш дар шаҳри Баодини Чин қарор дорад. Шумораи умумии коргарони ширкат 19 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Дар 30 кишвари ҷаҳон намояндагии дошта, имконияти истифодаи панелҳои офтобиро ба мизоҷони маҳаллӣ барои хизматрасонии доимӣ таъмин менамояд. Зиёда аз 40 миллион панели офтобии Yingli Solar (зиёда аз 10 GW) бо назардошти иқлим дар 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Испания, Италия, Юнон, Фаронса, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Бразилия, Австралия, ИМА, Мексика ва Африқои Ҷанубӣ мавриди истифода қарор дорад. Ҳадафи ширкати мазкур » таъмин ва дастрасӣ энергияи сабз ба ҳама » мебошад.








Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид






