Танзим — баракати рӯзгор

Март 5, 2015 14:26

Душанбе, 5.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 4 март дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ)  вохӯрии сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ Файзигул Юсупова бо устодон ва донишҷӯёни донишкада доир гардид.
Тавре ки аз ДМИТ иттилоъ доданд, дар ҷамъомад  муовини ректор оид ба илм Илҳомуддин Иброҳимов  иброз дошт, ки вохӯрии мазкур саривақтӣ буда, барои донишҷӯёни мо аз манфиат холӣ нест.
Ҳадаф аз вохӯрӣ тавзеҳу ташреҳи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Президенти кишвар вобаста ба танзими ҷашну маросимҳо мебошад.
Сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ Файзигул Юсупова иброз дошт, ки имрӯз аксари ҷашну маросимҳо, аз қабили зодрӯз, хатнасур ба танзим дароварда шуда, танҳо дар доираи оила баргузор мегарданд. Аммо, мутаассифона, ҳастанд шаҳрвандоне, ки қонунҳои амалкунандаро риоя намекунанд, ки ин қабил шахсон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки соли 2014  9% ҷудошавии оилаҳо нисбат ба соли 2013 зиёд шудааст. Аз ин хотир, мо бояд тафаккури ҷавононро баланд бардошта, соҳибмаълумот гардонем ва онҳоро барои ба ҳаёти мустақилона қадам гузоштанашон тайёр намоем.

Март 5, 2015 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд