Таркиши шадид дар назди бинои олии Миср
Душанбе,03.03.2015. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Мувофиқи иттилои Би-Би-Си дирӯз дар назди бинои додгоҳи олии Миср — шаҳри Қоҳира таркиши шадид рух дода, дар ҷои ҳодиса 1 нафар ба ҳалокат расида, 9 каси дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Бояд гуфт, ки дар миёни захмиён се нафараш корманди мақомоти полис мебошад. Тибқи иттилои манбаъ ҷинояткорони номаълум муҳимоти таркандаро дар фосилаи 10 метр дуртар аз даромадгоҳи асосии бинои додгоҳи олӣ мунфаҷир намудаанд. То ҳол масъулияти ин амали террористиро ягон нафар ё гурӯҳи ҷиноятпеша ба уҳда нагирифтааст.
Душанбе,03.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои маҷаллаи «Форбес» Билл Гейтс бо 79 миллиарду 200 миллион доллар сарвати холис дар садри ҷадвали миллиардерҳои ҷаҳон қарор дорад. Гуфта мешавад, ки Билл Гейтс яке аз бунёдгузорони ширкати Майкрасофт ба шумор рафта, тавонистааст дар тӯли 21 соли гузашта 16 бор сарватмандтарин марди ҷаҳон эълон шавад. Ба гуфти «Форбес», дувумин шахси сарватманди ҷаҳон низ дар ҳоли ҳозир тоҷири мексикоӣ Карлос Слим мебошад. Сарвати ӯ низ 77 миллиарду 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки Слим соли 2013 сарватмандтарин марди ҷаҳон шинохта шуда буд.
Душанбе,03.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки шабакаи интернетии хабаргузории ИРНА-и эронӣ дирӯз иттилоъ дод, Созмони фарҳангӣ ва сайёҳии Эрон дар як нома ба раиси ЮНЕСКО, вазири саёҳат ва мероси фарҳангии Ироқ изҳори омодагӣ кардааст, то осори музейҳо дар дохили Ироқро то вақте ки субот ва оромиш ба он кишвар баргардад ва ҳамчун амонат дар ихтиёр Теҳрон бигузорад.
Вале то ҳол аз ҷониби ҳукуматдорони Ироқ ба номаи Эрон посух ва розигӣ дода нашудааст, мегӯяд манбаъ.
Душанбе,03.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ба гуфти намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Роҳат Сулаймонов, дар як суҳбати “мизи гирд” дар Бишкек вай дар бораи боздошти 37 нафар гумонбаре хабар дод, ки қасди ташкили ҳамлаҳо дар Қирғизистону Ӯзбакистонро доштанд. Роҳат Сулаймонов ҳатто зикр намуд, ки онҳо на фақат ҷалби шаҳрвандони мо ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ”, балки тарконидани бинои идораи амнияти миллӣ дар Андиҷонро доштаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






