«Тоҷикистон ватани Наврӯз аст»: маҷмӯаи нав
Душанбе, 03.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст»-таҳти чунин унвон дар остонаи ҷашни Наврӯз муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона»-и Вазорати фарҳанги кишвар маҷмӯаи шеърҳои Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоибро аз чоп баровард.
Дар маҷмӯа шеърҳои дар васфи баҳор ва Наврӯзи ҳуҷаста эҷоднамудаи шоири шинохтаи тоҷик гирд оварда шудаанд.
Маҷмӯа бо теъдоди 1000 нусха мунташир гардида, ҳадяи наврӯзиест барои наврасони кишвар.
Муҳаммад Ғоиб муаллифи 40 китоб буда, дар чандин анҷуманҳо дар хориҷи кишвар ширкат варзида, бузургии адабиёти тоҷикро муаррифӣ намудааст.
Офаридаҳои назмию насрии ӯ дар маҷмӯаҳои «Роҳи деҳа», «Меҳргиёҳ», «Лолаи чашм», «Сурати ишқ», «Дидор», «Сад ғазал», «Гавҳар», «Хоки ватан», «Парчами нанг», «Хирмани гул», «Дарди ширин», «Қиблаи умед», «Каъбаи дил», «Ашки қалам», «Фарёди ёдҳо», «Ифтихор», «Гумгаштапайдо» мунташир гардидаанд.
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб барои хизматҳои шоён дар ташаккули адабиёти тоҷик бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






