Вакилони маҷлиси шаҳри Хуҷанд интихоб шуданд
Душанбе, 4.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар шаҳри Хуҷанд натиҷаи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ҷамбаст гардид. Тибқи маълумоти комиссияи интихоботии шаҳрӣ дар тамоми 40 ҳавза интихобот баргузоршуда ҳисоб гардида, вакилон бо аксарияти овозҳо ба мақоми вакилӣ соҳиб гаштанд.
Аз 40 нафар вакили интихобгардида 35 нафар узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, як нафар узви Ҳизби аграрии Тоҷикистон, 2 нафар аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва 2 нафар узви Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ба мақоми номзад ба вакили шаҳрӣ 81 нафар ба қайд гирифта шуд, ки 54 нафар узви Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, 3 нафар аъзои Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, 7 нафар Ҳизби аграрии Тоҷикистон, 16 нафар Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва як нафар ғайриҳизбӣ буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






