Ярмаркаи фурӯши маводи ғизоӣ дар Душанбе
Душанбе, 06.03.2015. (АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Масъулини Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи навбатии фурӯши маводи ғизоиро барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе баргузор намуд. Дар ярмарка навъҳои гуногуни маводи ғизоии ниёзи аввал пешкаши харидорон шуд.
Тавре ки гуфта шуд, маҳсулоти ярмарка дар қиёс ба нархи бозор нисбатан арзонтар буд. Дар маҷмӯъ, дар ярмарка 30 тонна орд, 6 тонна шакар, 6 тонна маҳсулоти донагӣ, 6 тонна биринҷ, 3 тонна равған ва навҳои гуногуни маҳсулоти консерва пешкаши хоҳишмандон гардид.
Тавре ки иттилоъ дода шуд, имрӯзҳо бо мақсади муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозорҳои кишвар ва мусоидат ба ғанӣ гардонидани дастурхони сокинон аз ҷониби намояндагиҳои Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишвар ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокӣ ҷараён дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






