«Зан — чароғи хонадон»-конфронси илмӣ
Душанбе,03.03.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар факултети педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ — амалӣ дар мавзӯи «Зан- чароғи хонадон» баргузор гардид.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар он сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд Фирӯза Раҳимова, муовини ректор оид ба тарбия Муъминҷон Шамсиддинов иштирок намуданд.
Дар конфронс Фирӯза Раҳимова оид ба мавзӯи «Мақоми зан дар оинаи фарҳанги миллии даврони истиқлолият» гуфт, ки давлату миллат барои зан- модар тамоми шароитро фароҳам овардааст, то онҳо дар пешрафти соҳаҳои муҳими ҷамъиятӣ саҳми назарраси худро гузоранд. Аз ин рӯ мебояд ҷидду ҷаҳд намоем, ки ба боварии давлату ҳукумат сазовор гардем.
Дар интиҳои чорабинӣ донишҷӯёни факултаи педагогӣ бо барномаи фарҳангиву фароғатиашон табъи ҳозиринро болида намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






