Фархор: «Оби тоза ва муҳити солим»-озмун
Фархор,14.04.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Аз ҷониби бахши муҳити зист ва шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар мавзӯи «Оби тоза ва муҳити солим» озмун гузаронида шуд. Озмун аз 9 шарт, аз ҷумла аз қироати шеърҳо дар бораи об, нақли ҳикояҳо оид ба тарзи дурусти истифодаи об дар ҳолати зарурӣ ва аҳамияти он барои инсон ва кашидани расмҳо дар васфи табиат иборат мебошад.
Ба гуфти роҳбари бахши муҳити зисти ноҳия Аҳлиддин Ҳаитов мақсад аз ташкили озмун тоза нигоҳ доштани сатҳи экологии кӯчаю маҳаллаҳо, нигоҳубин кардан ва осеб нарасонидан ба паррандагон, ҳифзи манзараҳои табиат, бераҳмона набуридани дарахтон ва дигар омилҳое, ки ба муҳити зист маҳсуб мебошанд, аз тариқи саволу ҷавоб ҷараён мегирад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






